Системаи таҳсилоти фосилавӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ДПДТТ

  Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) азхуд мешавад.

     Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд. Системаи таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ дар шабакаи глобалии Интернет фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.

     Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат тоза ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад.

     Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

     Web-сайти зерин бо корбаст аз дастовардҳои технологияи муосир сохта шуда, таъминоти бехатарӣ ва шахсӣ будани маълумот кафолат дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки Web-сайт дар ҳолати бетта-тестӣ кор карда истодааст ва ҳангоми бархурд ба муаммо лутфан хоҳиш менамоем ба гурӯҳи махсуси барноманависони ин система муроҷиат намоед.

директори донишкада Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло

© 2013-2024 ДПДТТХ, Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд.